27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
29.08.2025 16:18

Зани рус барои озодии писараш аз чанги Толибон аз Президенти Тотористон кумак хост

Як зан дар Федератсияи Русия ба президенти Тотористон муроҷиат намуда,  хостааст, ки писарашро аз зиндони гурӯҳи террористии Толибон озод кунад.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ Святослав Каверин, мардумшиноси рус ва корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон дар шаҳри Қундузи Афғонистон боздошт шуда, ба Кобул интиқол дода шудааст.

Модари ӯ Татяна Каверина ба Рустам Минниханов, президенти Ҷумҳурии Тотористон нома навишта, аз ӯ барои озод кардани писараш кумак хостааст. Ин нома ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия низ ирсол шудааст.

Ин муроҷиати зани рус дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Ҷумҳурии Тотористон ба як нишасти иқтисодӣ бо ширкати ҳайати Толибон омодагӣ мебинад. Бар асоси барнома Вазири маъдани ҳукумати Толибон Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ дар ин нишаст ширкат намуда, бо мақомоти Тотористон мулоқот хоҳад кард.

Толибон то ба ҳол дар хусуси боздошти шаҳрванди Русия Каверин изҳороти расмӣ нашр накардаанд, вале расонаҳои русӣ мегӯянд, ки ӯ ба қочоқи ҷавоҳирот муттаҳам шудааст. Худи Каверин дар паёми охирини телеграмии худ дар рӯзи 19-уми июл навишта буд, ки барои қочоқи ҷавоҳирот дар шаҳри Қундуз боздошт шудааст.

Сафорати Федератсияи Русия дар Кобул гуфтааст, ки ин масъаларо пайгирӣ мекунад. Боздошти шаҳрванди Русия аз ҷониби Толибон дар ҳоле сурат мегирад,  ки чанде қабл ин кишвар гурӯҳи Толибонро ба расмият шинохта, ба сафири ин гурӯҳ ба Маскав иҷозаи фаъолият дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.