27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
29.08.2025 16:10

Дар давоми 100 рӯз 1 миллион муҳоҷири афғонистонӣ аз Эрон депорт шуданд

Масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯянд, ки дар давоми 100 рӯзи гузашта беш аз 1 миллион шаҳрванди Афғонистонро аз ин кишвар депорт кардаанд. Муҳаммадсодиқ Муътамадин, як масъули ҳукумат дар Теҳрон гуфтааст, ки аз шаҳри Теҳрон тақрибан 400 ҳазор нафар ба Афғонистон баргардонда шуданд. Ӯ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин рақамҳо ҳам муҳоҷирони ба ихтиёри худ ва ҳам афроди бозошдоштшуда аз ҷониби неруҳои амниятиро дар бар мегирад.

Ӯ афзуд, ки аз миёни муҳоҷирон беш аз 140 ҳазор донишомӯз низ аз мактабҳои шаҳри Теҳрон хориҷ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта тақрибан 2020 ҳазор донишомӯзи муҳоҷир дар мактабҳои ин вилоят таҳсил мекарданд, вале баъд аз оғози барномаи депорт, ин шумора ба 80 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Ин масъули эронӣ гуфт, ки қаблан барои таълими донишомӯзони муҳоҷир тақрибан 6 ҳазор синфи махсус ҷудо шуда буд. Ҳоло ин имконот барои хонандагони эронӣ истифода мешавад. Ӯ, ҳамчунин, таъкид кард, ки 50 фоизи муҳоҷирони афғон дар вилояти Теҳрон зиндагӣ мекунанд. Бар асоси барномаи ҳукумати Масъуд Пизишкиён марҳилаи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз шудааст.

Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон мегӯянд, ҳатто бо доштани санадҳои қонунии иқомат, аз ҷумла виза боздошт ва маҷбуран ихроҷ мешаванд. Созмонҳои байналмилалӣ чандин маротиба боз гардондани маҷбурии муҳоҷирон ба Афғонистонро нақзи қонунҳои байналмилалӣ хондаанд. Раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Эрон ҳанӯз идома дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.