27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
29.08.2025 15:15

Толибон баъди лағви қарордоди нафти “Омӯдарё” коргарони Чинро боздошт карданд

Расонаҳои афғонистонӣ иттилоъ доданд, ки баъд аз лағви қарордоди истихроҷи нафту газ дар ҳавзаи Омӯ миёни Толибон ва Чин, ин гурӯҳ майдонҳои нафтиро зери назорат гирифт ва кормандони чиниро аз он ҷо берун кард. Дар пайи он Толибон 12 шаҳрванди Чинро боздошт намуда, шиносномаҳои онҳоро мусодира кардаанд.

Бар асоси иттилои як корманди ширкати чинӣ дар моҳи июн Толибон бо силоҳ вориди майдонҳои нафтӣ шуда, коргаронро маҷбур ба тарки коргоҳ кардаанд. Баъдтар 12 нафарро дар Кобул боздошт намуданд. Ҳафт нафари онҳо бо дахолати сафорати Чин озод шуда, ба Чин баргаштаанд, вале чор нафари дигар то ҳол дар Кобул нигаҳдорӣ мешаванд. Озодии онҳо дар вақти сафари Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ба Кобул сурат гирифтааст.

Вазорати маъдан ва нафти Толибон иддао дорад, ки ширкат уҳдадориҳои молиявии худро иҷро накардааст ва ҳаққи имтиёзҳоро сари вақт напардохтааст. Вале кормандони ширкати  “F-China” мегӯянд, ки Толибон онҳоро маҷбур ба имзои созишномае кардаанд, ки бар асоси он гӯё шартномаро ихтиёран бекор кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар иваз Толибон ваъда додаанд, ки шиноснома ва ҳисобҳои бонкии ширкатро, ки миллионҳо доллар арзиш доранд, озод мекунанд.

Як мақоми Толибон тасдиқ намудааст, ки шиносномаҳо мусодира шудаанд, аммо боздошти расмиро рад кардааст. Бо вуҷуди ин, сарчашмаҳои чинӣ изҳор медоранд, ки кормандони онҳо дар амал ба ҳайси гаравгон нигоҳ дошта мешаванд.

Кормандони ширкати чинӣ гуфтаанд, ки ҳузури онҳо фақат ба манзури манфиати молиявӣ набуд, балки мехостанд ба рушди Афғонистон ва суботи минтақаи Шинҷон дар Чин саҳм гузоранд. Яке аз онҳо гуфт, ки “Толибон бо руҳияи бурд-бурд кор намекунанд: онҳо мисли роҳзан фикр мекунанд, ҳама чизро барои худ мехоҳанд”.

Сафорати Чин дар Вашингтон гуфт, аз ин қазия огоҳ нест, вале ба зарурати ҳифзи амнияти шаҳрвандони чинӣ дар хориҷ таъкид намуд. Дар ҳамин ҳол, Умар Самад сафири пешини Афғонистон дар Канада ва Фаронса ҳушдор дод, ки мудирияти нодурусти ин қазия метавонад ба равобити Толибон бо Чин осеб расонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.