Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
ВКД: “Шахсе, ки дар Маскав ба полис ҳамла кард, шаҳрванди Тоҷикистон нест”
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ки шахсе, ки рӯзи 27-уми август дар шаҳри Маскав ба корманди полис бо корд ҳамла кард, шаҳрванди Тоҷикистон нест.
Ҳодисаи ҳамла бо корд ба полис дар минтақаи Шёлковское шоссеи шаҳри Маскав рӯй дода, навори он зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар расонаҳои русӣ ин фард ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳороти худ дар вокуниш ба ин иттилоъ гуфт, ки ҳувияти фарди ҳамлагар мушаххас гардидааст. Бар асоси изҳорот, фарди ҳамлагар Кунҷумов Шерафган Муминҷонович, соли таваллудаш 1999, зодаи вилояти Саратов ва шаҳрванди Федератсияи Русия аст. Вазорат гуфт, ки ба ин фарди ҳамлагар ҳич гоҳ шиносномаи Тоҷикистон дода нашудааст.
“Ӯ ҳич вақт шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоштааст”- таъкид мешавад дар изҳороти ВКД.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Кунҷумов Шерафган Муминҷонович соли 2017 аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия барои ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, маҳкум шуда, 7 сол зиндонӣ шудааст. Ӯ ҷазоро дар муассисаи ислоҳии №6-и шаҳри Клинтси вилояти Брянск адо намуда, дар моҳи майи соли 2025 ба озодӣ баромадааст.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ фард дар шаҳри Маскав бо истифода аз “коктейли Молотов” ба кормандони полис ҳамла намудааст.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват кардааст, ки аз нашри иттилои носанҷида худдорӣ кунанд, зеро чунин хабарҳои бардурӯғ метавонанд ба эътибори шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар латма ворид кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”