27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
29.08.2025 10:12

Аврупо механизми “Моша”-ро бар зидди Эрон фаъол мекунад. Вокуниши Теҳрон: посух сахт хоҳад буд

Се кишвари аврупоии узви Созишномаи атомӣ Олмон, Британия ва Фаронса рӯзи панҷшанбе бо ирсоли нома ба аъзои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълон намуданд, ки раванди “механизми моша” ё “снап бак” барои иҷро намудани таҳримҳои байналмилалӣ бар зидди Эронро фаъол мекунанд.

Ин хабар аввал аз ҷониби “Садои Олмон” ва баъдан аз ҷониби “Рейтерз” тасдиқ шуд. Аврупо бо ин иқдом мехоҳад таҳримҳои лағвшудаи Созмони Милали Муттаҳид дубора барқарор шавад. Дар соли 2015 таҳримҳои умумии Созмони Милали Муттаҳид бо имзои созишномаи атомӣ миёни Амрико ва Эрон лағв шуда буд.

“Мо мутааҳидем, ки бо истифода аз ҳамаи абзорҳои дипломатӣ бовар ҳосил кунем, ки Эрон  ҳаргиз силоҳи атомӣ тавлид намекунад. Қарори фаъол кардани маханизми моша низ дар ҳамин чорчӯб гирифта шуд”- омадааст дар изҳороти се кишвари аврупоӣ.

Мақомоти аврупоӣ гуфтаанд, ки дар музокироти ахири Женева талош намуданд, ки фаъол кардани механизми мошаро ба таъхир андозанд, вале “уҳдадориҳои мушаххас ва кофӣ аз сӯи Эрон дарёфт нашуд”.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо нашри изҳорот гуфт, ки посухи Эрон ба ин иқдом сахт хоҳад буд. Онҳо афзуданд, ки кишварҳои аврупоӣ бо сабаби иҷро нашудани уҳдадориҳои иқтисодӣ ва сукут дар баробари хуруҷи Амрико аз Созишномаи ҳастаӣ аслан асоси ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ барои истифода аз ин механизмро надоранд.

Маханизми моша равандест, ки дар қатъномаи 2231-и Шурои амният сабт шудааст ва шарти он ин аст, ки ҳар як кишвари узви созишнома имконият дорад, дар сурати “иҷро накардани уҳдадорӣ” аз ҷониби як кишвари узви созишнома,  таҳримҳои байналмилалро ба таври худкор дубора барқарор кунад. Таҳлилгарон мегӯянд, истифода аз ин механимз дар ҳолати кунунӣ ихтилофоти сиёсиро шиддат мебахшад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.