27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
29.08.2025 10:00

Ироқчӣ барои оғози музокира бо Амрико шарт гузошт

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Теҳрон омода аст, музокироти ғайримустақим бо Амрикоро аз сар гирад, вале барои ин кор шарт дорад. Шарти Эрон кафолати амниятӣ аз ҷониби Амрико аст, ки дар вақти музокира ба Эрон ҳамлаи низомӣ намешавад.

Сайид Аббос Ироқчӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи саудии “Шарқ-ул-авсат”, ки баъди нишасти изтирории Созмони ҳамкории Исломӣ дар Ҷидда анҷом ёфт, гуфт: “Агар Амрико фикр кунад, он чиро ки бо ҳамлаи низомӣ ба даст наовард, метавонад дар музокирот соҳиб шавад, иштибоҳ мекунад. Посухи Эрон ба ҳар гуна таҷовуз қавитар аз гузашта хоҳад буд”.

Ӯ гуфт, ки Эрон “ҳич гоҳ мизи музокираро тарк накардааст”, аммо таҷрибаи ҳамлаҳои охир, аз ҷумла ҳамлаҳои Исроил ба ҳадафҳои эронӣ бо ҳимояти Амрико нишон медиҳад, ки ҳар гуна музокира  “Шакли пешина нахоҳад дошт”. Саид Аббос Ироқчӣ гуфт, ки гуфтушунид бояд “одилона ва бар асоси манфиатҳои дуҷониба” бошад.

“Ҳама гуна сенария имконпазир аст ва мо барои ҳама шароит омодаем. Ҷанги 12 – рӯза нишон дод, ки варианти низомӣ барои Исроил ва Амрико натиҷа надорад. Агар боз кӯшиш кунанд, посухи мо шадидтар хоҳад буд”- зикр кард Вазири корҳои хориҷии Эрон.

Сайид Аббос  Ироқчӣ гуфт, ки робитаҳои дуҷонибаи Эрон ва Арабистони Саудӣ ба сатҳи бесобиқа расидааст. Ӯ ҳамкории ду кишварро “калиди субот ва амният дар минтақа” номид. Теҳрон ҳамзамон талош дорад бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Миср ва Урдун робитаҳои мустаҳкамтар барқарор кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.