27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
29.08.2025 09:52

Се бозии муҳим барои тими миллӣ. Тоҷикистон мизбони «CAFA Nations Cup 2025»

Имрӯз, 29-уми август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дар доираи даври якуми мусобиқаи “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” («CAFA Nations Cup 2025»), ки аз 29-уми август то 8-уми сентябри имсол баргузор мешавад, мунтахаби футболи кишвар бо тими миллии Ҳиндустон рақобат хоҳад кард.

Дар ин росто, сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе доир ба рақобати дарпешистода чунин гуфтааст: "Мо хеле шодем, ки мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳамагӣ се рӯз қабл омодагиро ба мусобиқа оғоз кардем. Ба ҳар ҳол мо дар майдони худ бозӣ мекунем, аз ин рӯ, ҳадафи аз гурӯҳ баромадан дорем. Ҳама рақибони мо дар гурӯҳ хубанд, мо бозӣ ба бозӣ омода мешавем.

Ҳамчунин, сарвони тими миллӣ Аҳтам Назаров аз мухлисон даъват кард, ки мунтахабро дар бозиҳои «CAFA Nations Cup 2025» дастгирӣ кунанд.

"Дар ҳар як рақобат тамоми қувваи худро сарф хоҳем кард. Аз тамоми мухлисон даъват менамоям, ки муттаҳид шаванд, ба варзишгоҳ биёянд ва дар бозиҳои оянда дастаи моро дастгирӣ кунанд" - афзудааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ва гурӯҳи «В» дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон доир мегарданд.

Ҳамин тавр, мунтахаби Тоҷикистон 29-уми август бо тими миллии Ҳиндустон, 1-уми сентябр бо тими миллии Афғонистон ва 4-уми сентябр бо тими миллии Эрон рақобат мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.