Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Таъсиси Маркази тамоси электронӣ оид ба қабули муроҷиатҳо
Барои муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ду рақами телефон фаъол карда шуд, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони кишвар метавонанд тавассути ин рақамҳо аз ҳодиса ё ҳолатҳои изтирорӣ ба мақомот хабар диҳанд.
Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, қабули бемамонияти зангҳои телефонӣ ва сафарбарии таъҷилии гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба макони ҳодиса, дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, "Маркази тамоси электронӣ оид ба қабули муроҷиатҳо" ташкил карда шуда, ки он тавассути хати алоқаи телефонӣ фаъолият менамояд. Шаҳрвандон метавонанд дилхоҳ вақт ба мақомоти милитсияи пойтахт тавассути рақамҳои 102 ва 02 дар тамос шаванд.
Ин иқдом имконият медиҳад, то шаҳрвандон бо милитсия дар алоқаи зич қарор гиранд ва мақомот аз кирдорҳои ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ сари вақт пешгирӣ намоянд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”