Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сомон Маҳмадбеков, Обид Ҷебов, Абӯбакр Шеров ва дигарон ба мусобиқаи Qingdao Grand Prix мераванд
Бинобар иттилои дастрас, аз 26-ум то 28-уми сентябри соли равон дар шаҳри Синдаои Чин мусобиқаи байналмилалии Qingdao Grand Prix доир мешавад.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки интизор аст намояндагони беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намоянд, мунтахаби ҷудои Тоҷикистон низ бо шумули варзишгарони номдору маъруф ширкат хоҳанд варзид.
Гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии Qingdao Grand Prix Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳар ду 60 кг), Обид Ҷебов (66 кг), Абӯбакр Шеров, Масъуди Аҳмадзод (ҳар ду 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Аҳлия Муминова (48 кг), Александра Кан (57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) муаррифӣ мекунанд.
Зикр мегардад, ки натиҷаи мусобиқаи мазкур ба тақсими квотаҳо барои Бозиҳои олимпии-2028 дар Лос-Анҷелес таъсир мерасонад.
Ҳамчунин, дар барномаи мусобиқа омадааст, ки рӯзи аввал, 26 сентябр рақобати мардон дар вазнҳои 60 кг, 66 кг, занон: 48 кг, 52 кг, 57 кг; рӯзи дуюм, 27 сентябр рақобати мардон дар вазнҳои 73 кг, 81 кг, занон 63 кг, 70 кг ва рӯзи сеюм, 28 сентябр рақобати мардон дар вазнҳои 90 кг, 100 кг, +100 кг, занон: 78 кг, +78 кг доир мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”