Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
744 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 114 ҳазор нафар. Ҷараёни амалишавии барномаҳои давлатӣ чӣ гуна аст?
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024-2025 шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар кишвар ба 744 адад расида, фарогирии кӯдакон дар зинаи мазкур 114 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Нуктаи мазкур 27-уми август дар ҷаласаи корӣ оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сатҳи амалисозии барномаҳои давлатии марбут ба таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ иброз гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ таъкид кард, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ҳар маҳаллаи аҳолинишин, ки беш аз 100 хоҷагӣ дорад, муассисаи томактабиро таъсис диҳанд, ки ин иқдом метавонад барои фарогирии бештари кӯдакон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Зикр гардид, ки дар доираи татбиқи барномаи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025” дар давоми солҳои охир шумораи муассисаҳои томактабӣ тадриҷан афзоиш ёфта, инфрасохтор ва фарогирии кӯдакон беҳтар гардида истодааст.
Ҳамзамон, “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027”, ки ҷалби бахши хусусӣ ва афзоиши муассисаҳои ғайридавлатиро аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа қарор медиҳад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар доираи ин барнома бунёди 134 муассисаи томактабӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст, ки татбиқи он дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”