Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аз оғози ҷанги Исроил дар Ғазза 200 журналист кушта шудаанд
Аз оғози ҷанг дар Ғазза 189 журналисти фаластинӣ – марду зан, журналистони озод ва кормандони расонаҳо ҷони худро аз даст додаанд. Қисме аз ин журналистон дар хона ва қисми дигар дар вақти анҷоми вазифаи корӣ кушта шудаанд.
Хабаргузории “Associated Press” рӯзи сешанбе, 26-уми августи соли 2025 хабар дод, ин омор бар асоси иттилои Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон дар Ню-Йорк пешниҳод шудааст ва рӯзноманигоронеро, ки дар беморхонаҳо, паноҳгоҳҳои муваққатӣ ё ҳангоми сабти рӯйдодҳои хушунатбор кушта шудаанд, дар бар мегирад.
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз ин рӯзноманигорон, ба мисли аҳолии одии Ғазза дар шароити мушобеҳ – гуруснагӣ ва кӯчманчигӣ, қарор доштаанд.
Исроил баъзе аз рӯзноманигоронро барои иртибот доштан бо гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ муттаҳам кардааст, вале худи журналистон ва расонаҳо ин иттиҳомро рад кардаанд.
Дар ҳамлаи ахири Исроил ба як бемористон дар Навори Ғазза 4 рӯзноманигори дигар кушта шудаанд. Ин ҳамлаи Исроил вокунишҳои шадиди байналмилалиро дар пай дошт. Ҳатто ҳомии Исроил Амрико дар изҳоре гуфт, ки аз ҳамла ба бемористони Нисо дар Ғазза сахт мутассир шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”