Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Тоҷикистон рӯзи иловагии эмгузаронӣ алайҳи сурхча ва хурӯҷ оғоз ёфт
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маъракаи иловагии эмгузаронӣ бар зидди сурхчаро оғоз намудааст. Бар асоси иттилои расмӣ маъракаи эмгузаронӣ аз 25-уми август то 6-уми сентябр дар шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кӯшониён, Восеъ, Вахш, Фархори вилояти Хатлон, ҳамчунин, дар шаҳри Панҷакент ва Исфараи вилояти Суғд доир мешавад.
Бар асоси ин барнома кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола, онҳое, ки аз 6-уми сентябри соли 2020 то 6-уми марти соли 2025 таваллуд шудаанд, аз маъракаи эмгузаронӣ мегузаранд. Ба гуфтаи масъулини Вазорат мақсади асосӣ пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии хавфнок мебошад.
Доир ба ин масъала рӯзи 26-уми август дар Вазорати тандурустӣ маҷлиси корӣ бо ширкати Абдухолиқ Амирзода, муовини Вазир ва роҳбарони сохторҳои тиббӣ баргузор гардид. Дар ин маҷлис таъкид шуд, ки чораҳои пешгирӣ ва фаро гирифтани бештари кӯдакон ба маъракаи эмгузаронӣ суръат бахшида шавад.
Бар асоси гуфтаи мутахассисон бемории сурхакон бемории сироятӣ буда, барои кӯдаконе, ки эм нашудаанд, хавфи ҷиддӣ дорад. Маъракаи имсол бахше аз Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ аст, ки ҳамасола дар саросари кишвар амалӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”