Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Эрон бар зидди як ҳаҷвнигор барои тавҳин ба Фирдавсӣ парванда боз кардаанд
Прокуратураи шаҳри Теҳрон бар зидди Зайнаб Мусавӣ, ҳаҷвнигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо сабаби нашри як наворе, ки дар он ба Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” –и ӯ тавҳин мекунад, парванда боз намудаанд.
Бар асоси иттилои расонаҳо, прокуратураи шаҳри Теҳрон гуфт, ки дар навори Зайнаб Мусавӣ аз килмаҳое истифода шудааст, ки ба “иффати умумӣ” созгор нест. Гуфта мешавад, ки баъди боз шудани парванда бар зидди Зайнаб Мусавӣ таҳқиқоти ибтидоӣ аз ҷониби прокуратураи Теҳрон оғоз шудааст.
Навори видеоии Зайнаб Мусавӣ, ки бештар ҳаҷвӣ аст, ба вокунишҳои манфии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо рӯ ба рӯ шудааст. Ӯ дар ин навор бо танз аз Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ ёд мекунад ва аз алфози дурушт истифода мекунад. Бархе чеҳраҳои адаб ва ҳунари Эрон гуфтаанд, ки ин амал тавҳин ба “Шоҳнома” ва шоири бузург Абулқосим Фирдавсӣ аст.
Фарҳангшиносон ва адабпажӯҳишони эронӣ гуфтаанд, ки барои ҳифзи забону адабиёти форсӣ бояд тадбир ҷӯст, зеро агар ба мероси фарҳангӣ беэътиноӣ сурат гирад, эҳтимолан дар оянда забони форсӣ осеб мебинад ва фаромӯш хоҳад шуд.
Ба ҳаҷв кашидани “Шоҳнома” ва муаллифи он Абулқосим Фирдавсӣ дар ҳолест, ки баъди ҳамлаи Исроил бисёре аз мақомоти Эрон ба фарҳанги гузаштаи эронӣ рӯ овардаанд. Онҳо аз қаҳрамонҳои “Шоҳнома” Рустаму Суҳроб ёдоварӣ мекунанд. Дар суханронии нав Роҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ низ аз Фирдавсӣ ёд кард.
Баъзе донишмандони Эрон қаблан аз бетаваҷҷуҳӣ ба забони форсӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфта буданд, ки агар чунин беэътиноӣ идома ёбад, ба забон ва фарҳанги эронӣ осеб мезананд. Мустафо Исломӣ, устоди донишгоҳ қаблан гуфта буд: “Агар беэътиноӣ ба адабиёт идома ёбад, наметавон гуфт, ки дар 50 соли оянда забон ва адабиёти форсӣ осеби ҷиддӣ нахоҳад дид ва фаромӯш нахоҳад шуд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”