Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вокуниши Вазири хориҷии Ҳинд ба Аврупо “Писанд нест, нахаред”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар пайи интиқоди кишварҳои аврупоӣ дар хусуси харидани нафти Русия вокуниши шадид нишон дод.
Субраманян Ҷайшанкар дар вокуниш ба интиқодҳо гуфт, ки Ҳиндустон фақат аз имкониятҳои бозори озод истифода мекунад ва ҳич касеро водор намекунад, ки маҳсулоти онро харанд.
Изҳороти ӯ дар посух ба иддаоҳои кишварҳои аврупоӣ садо дод, ки Ҳиндустон аз шароити таҳримҳо ба манфиати худ истифода мекунад ва ба яке аз бузургтарин харидорон ва полоишдиҳандагони нафти арзони Русия табдил ёфтааст. Ин маҳсулот баъди полоиш ҳатто ба бозорҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меравад.
Субраманян Ҷайшанкар таъкид кард, ки кишварҳои аврупоӣ худ шароити бозорро бо маҳдудият ва таҳримҳо тағйир доданд ва ҳоло аз он норозигӣ нишон медиҳанд.
“Агар намеписандед, нахаред. Ҳич кас шуморо маҷбур намекунад”- гуфтааст, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон.
Ба гуфтаи таҳлилгарон ин изҳорот нишон медиҳад, ки Деҳлӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мавқеи мустақилтару қотеътар гирифтааст. Ҳиндустон мехоҳад нишон диҳад, ки дар бозори ҷаҳонӣ нақши фаъол мебозад ва ба фишорҳои сиёсӣ аз берун таслим намешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”