27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
27.08.2025 10:34

2 781 750 сомонӣ. Ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

26-уми август бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе 412 нафар довталаб сабқат намуда, аз рўи 4 номинатсия дар умум 90 нафар ғолибиятро ба даст оварданд, ки аз ин шумора 54 нафарро хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 нафарро донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторанти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 18 омӯзгори ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходими илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кору гуногун ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, қайд мегардад, ки барои сарфарозгардонии ғолибони даври сеюми озмун ва хароҷоти вобаста ба он тибқи қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе 2 миллиону 781 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо гаштааст.

Ҳамин тавр, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони ҷойи якум 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ, ба 54 нафар омӯзгор ба ҳар кадоме 13 ҳазор сомонӣ ва як қатор нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” саҳм гузоштаанд, бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли ҳафтум аст, ки дар Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосии Низомномаи тасдиқгардида, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.