Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Кушта шудани 20 нафар ба шумули 4 журналист дар ҳамлаи Исроил ба бемористони Ғазза
Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба беморхонаи Носир дар шаҳри Хон-Юнус дар ҷануби Навори Ғазза 15 нафар, аз ҷумла 4 хабарнигор кушта шудаанд. Дар миёни кушташудаҳо як нафар корманди ҳолатҳои фавқулода низ будааст.
Сухангӯи ҳолатҳои фавқулодаи Ғазза гуфт, ҳамлаи нахуст бо истифода аз дрон сурт гирифт ва сипас, бо бомбаборон идома ёфт. Ин дар ҳолест, ки кормандони беморхона машғули интиқоли маҷруҳон будаанд.
Иттиҳодияи журналистони Фаластин ин хабарро тасдиқ кард ва исми рӯзноманигорони кушташударо эълон сохт. Бар асоси иттилоияи ин ниҳод Ҳусом Мисрӣ, Муҳаммад Салама, Марям Абудаға, Муоз Абудтоҳа дар ин ҳамла кушта шуданд. Ҳамчунин, “Ассошейтед пресс” гуфтааст, ки Марям Абудаға ба ҳайси хабарнигори озод бо онҳо ҳамкорӣ мекард.
Хабаргузории “Рейтерз” низ иттилоъ дод, ки яке аз хабарнигоронаш дар миёни кушташудагон ва як нафари дигар дар миёни маҷруҳон қарор дорад.
“Франс пресс” менависад, бинобар маҳдудиятҳои ҷиддӣ ва мушкилоти дастрасӣ ба маҳалҳо дар Ғазза онҳо наметавонанд мустақилона ин оморро тасдиқ ё рад кунанд. Артиши Исроил гуфтааст, ки дар робита ба ин ҳамлаҳо таҳқиқотро оғоз мекунад.
Ин ҳамла дар ҳоле рух дод, ки аввали ҳамин моҳ дар наздикии беморхонаи “Шифо” дар шаҳри Ғазза чор корманди “Ал-Ҷазира” ва ду хабарнигори озод дар ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шуда буданд. Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон ва “Гузоришгарони бидуни марз” қаблан гуфта буданд, ки аз оғози ҷанги Ғазза то ҳоло наздик ба 200 хабарнигор ҷони худро аз даст доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”