Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Қирғизистон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор мешавад
Таҳлилгарон мегӯянд, ки Қирғизистон баъди ислоҳоти қонуни асосӣ ба тағйироти сиёсӣ омодагӣ мебинад. Ба гуфтаи онҳо, ба эҳтимоли зиёд дар ин кишвар интихоботи қабл аз муҳлати парлумонӣ доир хоҳад шуд.
То поёни муҳлати қонунии парлумони Қирғизистон як соли дигар боқӣ мондааст, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки парлумон дар арафаи худбарҳамдиҳӣ ва роҳандозии интихоботи нав аст.
Таҳлилгарони қирғизистонӣ мегӯянд, ки парлумони феълӣ метавонад бо қарори худ пеш аз муҳлат фаъолияташро қатъ кунад.
Тибқи ислоҳоти ахири қонунгузорӣ, ки дар баҳори имсол қабул шуд, тартиботи гузаронидани интихобот куллан тағйир ёфт. Ҳоло кишвар ба 30 ҳавзаи семандатӣ тақсим мешавад, ки дар ҳар як ҳавза се вакил интихоб мешавад ва яке аз онҳо ҳатман бояд зан бошад. Ҳар ҳавза ба ҳисоби миёна 141, 5 ҳазор интихобкунанда дорад.
Тартиби ширкат дар интихобот барои номзадҳо низ сахттар шудааст. Ҳар номзад бояд синну солаш на камтар аз 25 сол бошад, маълумоти олӣ дошта бошад, забони давлатиро донад, доғи судӣ надошта бошад, ҳадди аққал 5 сол дар ҳудуди Қирғизистон истиқомат дошта бошад. Номзадҳое, ки ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ алоқаманданд, аз ширкат дар интихобот маҳрум мешаванд. Роҳбарони динӣ баъди анҷоми ваколати панҷсола ҳаққи фаъолияти динӣ надоранд.
Кумитаи марказии интихобот мегӯяд, ки захираҳои лозима фароҳам шудаанд. Беш аз 27 ҳазор аъзои комиссияҳо ҷалб шуда, 5, 8 ҳазор дастгоҳи хониши автоматӣ навсозӣ шудаанд. Раъйдиҳӣ дар ҳар нуқтаи кишвар, новобаста аз қайди доимӣ имконпазир мегардад. Барои шаҳрвандони хориҷӣ низ раъйдиҳӣ осон карда мешавад. Нуқтаҳо дар фурудгоҳҳои “Манас” ва “Ош”, инчунин, дар бозорҳои бузург кушода хоҳанд шуд.
Дар рӯзҳои ахир изҳорот дар бораи барҳам додани парлумон зиёд карда шуд. Депутат Исҳоқ Масалиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки “ба эҳтимол” вакилон худро “озод” хоҳанд кард. Сарвазири собиқ ва генерали собиқ Феликс Кулов, ки боз ба саҳнаи сиёсӣ баргаштааст, низ пешниҳод кард, ки парлумон пеш аз муҳлат барҳам хӯрад, то интихоботи президентӣ ва парлумонӣ ҳамзамон нагузарад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон роҳбарони ҳукумат назорати қавӣ бар аксарияти фраксияҳоро доранд ва дастгирии ҳадди аққал 30 вакил барои худбарҳамдиҳӣ мушкил нахоҳад буд. Манфиати вакилони дастгиркунанда низ рӯшан аст. Онҳо метавонанд дубора номзад шаванд.
Гуфта мешавад, ки қарори барҳам додани парлумон дар нимаи моҳи сентябр қабул мешавад. Ба эҳтимоли зиёд интихоботи пеш аз муҳлат рӯзи якшанбе, 23-уми ноябри соли 2025 доир гардад.
Ба назар мерасад, ҳукумати мехоҳад қабл аз фаъолшавии неруҳои мухолиф ва дар фазои назоратшаванда қонунгузориро нав кунад. Ба гуфтаи нозирон дар пушти парда марҳилаи омодагӣ ба интихобот аллакай оғоз шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”