27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:36, Душанбе
26.08.2025 16:38

Рашт: Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабӣ

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбунёди деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти томактабии "Зарангак"-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ дар заминаи бунёди маҳаллаи нави истиқоматӣ барои сокинони аз заминларза зарардида сохта шуда, дар он асосан фарзандони ин маҳал ба зинаи аввали таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Бинои нави соҳаи маориф бо тарҳи муосир ва мувофиқи завқи кӯдакон сохта шудааст. Он барои фаро гирифтани 50 тарбиягиранда пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз марҳилаҳои муҳимтарини рушди инсон ба ҳисоб рафта, на танҳо барои омодасозии кӯдак ба мактаб, балки барои ташаккули малакаҳои иҷтимоию фикрӣ ва омӯхтани одоби муошират ниҳоят муҳим аст. Дар ин давра кӯдак қобилияти баланди омӯзиш дошта, муҳити тарбиявӣ метавонад ба рушди ӯ таъсири амиқ расонад. Аз ин рӯ, таҳсилоти босифати томактабӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоиву маърифатии давлат мебошад.

Бинои муассисаи таҳсилоти томактабии "Зарангак" дорои ду ҳуҷраи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Саҳни муассиса низ бо майдончаи бозиҳои гуногуни варзишӣ муҷаҳҳаз шуда, барои рушди ҷисмонии кӯдакон ва гузаштани раванди машғулиятҳо мусоидат мекунад.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлол ба таҳсилоти томактабӣ аҳаммияти хоса дода, бо сиёсати устувор дар тамоми минтақаҳои кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд, ки аз марказ то деҳоти дурдасти кишвар ҳамаи ҷойҳои аҳолинишини бояд бо боғчаи кӯдакон таъмин бошад, то ҳеҷ кӯдак аз ин имконият бенасиб нагардад.

Бо дар назар доштани ин масъала, Сарвари давлат ба масъулон ва кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки бунёди чунин муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар дигар деҳаҳои дурдаст низ идома дода, барои тарбияи насли ояндасоз дар шароити муносиб ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Дар фароварди сафари корӣ ба ноҳияи Рашт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаи навбунёд ва фаъолони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша барои таълими арзандаи насли наврас, таъмини зиндагии шоиста ва шароити мусоиди кору рӯзгори сокинон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сокинони ноҳия низ бо изҳори сипосмандӣ таъкид карданд, ки бо масъулият ва садоқати баланд сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, баҳри ободии Ватан, рушди бахшҳои гуногун ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саъю талош мекунанд.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.