27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
26.08.2025 09:41

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Мушкили Эрон бо Амрико ҳалшуданӣ нест”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи масъулон ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ имкони музокираи мустақим бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро рад кард.

Бар асоси иттилои расонаҳои эронӣ, ӯ тарафдорони музокира бо Амрикоро сатҳинигар ва зоҳирбин номида, чунин таъкид кард: “Музокирот мушкилоти моро ҳал намекунад, агар шарти он таслим шудан дар баробари Амрико бошад”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба талош барои “тафриқаандозӣ” дар дохили Эрон айбдор карда, гуфт, ки бо вуҷуди ихтилофи назарҳо мардум дар муқобили душман муттаҳиданд. Ӯ ба ҷанги 12-рӯза бо Исроил ишора карда, иддао кард, ки ҳадафи ҳамлаҳои Исроил тағйири низом дар Эрон будааст. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 13-уми июн Эрон мавриди ҳамла қарор гирифт ва рӯзи баъдаш дар яке аз пойтахтҳои аврупоӣ намояндагони Амрико ҷамъ шуданд, то дар хусуси ҳукумати баъд аз Ҷумҳурии Исломӣ гуфтугӯ кунанд, ки дар миёни онҳо як эронӣ ҳам буд.

Рад шудани музокира бо Амрико аз сӯи роҳбари олии Эрон дар ҳолест, се кишвари аврупоӣ ҳушдор доданд, ки агар Эрон то ҳафтаи оянда ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ва гуфтугӯ бо Амрикоро аз сар нагирад, механизми “снап-бек” ё баргардондани таҳрими комили СММ-ро фаъол мекунанд. Бозгашти ин таҳримҳо метавонад Эронро зери банди 7-уми Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қарор дода, вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишварро боз ҳам бадтар кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.