Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Суғд барои тозагӣ ва ҳифзи муҳит дар минтақаҳои сайёҳӣ чораҳои қатъӣ меандешанд
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ҷараёни боздид аз минтақаи маъруфи сайёҳии ноҳияи Хуррамдара гуфт, ки барои тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои сайёҳӣ чораҳои қатъӣ андешида шавад.
Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки ҳадаф аз ин иқдом беҳтар кардани шароити истироҳат барои сокинон ва сайёҳон ва ҳифзи табиати нотакрори минтақа аст: “Масъулони соҳа бояд ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд. Хуррамдара имрӯз мавзеи пурбоздиди сайёҳон аст ва бояд меъёрҳои экологӣ риоя шавад”.
Раиси вилоят таъкид намуд, дар баъзе мавридҳо меҳмонон баъди истироҳат партовҳоро дар ҷойҳои муқарраршуда намегузоранд, ки ин ба муҳити зист зарар мерасонад. Ҳоло зарурати таҳкими назорат вуҷуд дорад ва ҳамаи сайёҳон вазифадоранд, ки партовҳоро фақат ба қуттиҳои махсуси партов резанд.
Раиси вилоят ҳушдор дод, ки мақомоти маҳаллӣ мунтазам маъракаҳои тозакунӣ ва шанбегиҳои ихтиёриро баргузор кунанд. Ӯ гуфт, ин чораҳо на фақат муҳити покро таъмин мекунанд, балки ба ҷалби бештари сайёҳон низ мусоидат менамоянд.
Вилояти Суғд бо табиати нотакрори худ яке аз самтҳои асосии саайёҳии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи омори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар шаш моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 761 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст, ки 31 фоиз бештар аз ҳамин давраи соли 2024 аст. Аз ин шумора, беш аз 699 ҳазор сайёҳ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тақрибан 60 ҳазор нафар аз кишварҳои дур омадаанд.
Мақомот умедвор ҳастанд, ки риояи меъёрҳои экологӣ ва беҳбуди инфрасохтори сайёҳӣ ҷойгоҳи Суғдро дар харитаи сайёҳии кишвар боз ҳам мустаҳкам хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”