Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон дар кишварҳои ҳамсояи худ мушовири нақлиётӣ гумоштанд
Вазорати нақлиёти гурӯҳи террористии Толибон хабар дод, ки дар чор кишвари ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркманистон барои тақвият додани ҳамлу нақл мушовирони нақлиётӣ таъйин кардааст.
Ба гуфтаи масъулони вазорати Толибон, мақсади ин иқдом беҳтар кардани робитаҳои тиҷоратӣ ва осон намудани хизматрасониҳо барои шаҳрвандони Афғонистон мебошад. Ба гуфтаи масъулон, Афғонистон бо сабабҳои вобастагии зиёд ба роҳҳои заминии кишварҳои ҳамсарҳад барои воридот ва содирот, ба ҳамкориҳои минтақаавӣ ва рушди долонҳои тиҷоратӣ ниёз дорад, то тоҷирони афғон ба бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст шаванд.
Кори асосии мушовирон бартараф кардани садҳои транзитӣ, пуштибонии рушди содирот ва густариши дастрасии Афғонистон ба бозорҳои байналмилалӣ хоҳад буд.
Ҳамзамон, расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Курсив” хабар дод, ки Кобул ва Тошканд созишномаи ҳамкорӣ ба арзиши тақрибан 243 миллион доллар барои иҷрои чор лоиҳаи бузурги зерсохторӣ дар бахши энергетикаро ба имзо расондаанд. Ин иқдом, ба гуфтаи коршиносон метавонад на фақат робитаҳои иқтисодии ду кишварро тақвият диҳад, балки ба суботи энергетикии Афғонистон низ таъсири мусбат гузорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”