Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
"Футбол барои мактабҳо". 35 муассисаи таълимии пойтахт ба он шомил шуданд
Тавре ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар пойтахт барномаи ҷаҳонии “Футбол барои мактабҳо”-и ФИФА (“Football For Schools”) оғоз шуд, ки ҳадафаш оммавигардонии футбол миёни кӯдакон мебошад.
Манбаъ меафзояд, ки дар маросими ифтитоҳ роҳбари лоиҳаи “Футбол барои мактабҳо” Антонио Буэнанйо, мушовири техникии ин барнома Алберто Ҷакомини, директор оид ба масоили тиббии ФИФА Эндрю Мэсси, менеҷери лоиҳаҳои тиббӣ Хлоуд Себакт, ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва дигар меҳмонони фахрӣ ҳузур доштанд. Ҳамчунин, футболбози маъруфи булғорӣ, барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ-1994» Христо Стоичков, ки амбассадори оғози лоиҳа дар Тоҷикистон мебошад, ҳузур дошт.
Гуфта мешавад, ки дар ростои оғози ин лоиҳа рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Душанбе барои 45 нафар омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ аз тамоми манотиқи кишвар семинари омӯзишӣ баргузор мешавад. Илова бар ин, рӯзи 27 август дар варзишгоҳи “Душанбе-Арена” ҷашнвораи бузурги футбол ташкил мегардад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар соли аввал 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба ин барнома шомил мешаванд, ки аз ФИФА беш аз 4 ҳазор тӯб мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Футбол барои мактабҳо” аз ҷониби ФИФА дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон амалӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад