27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
26.08.2025 09:21

“Қасидаи Одам, Одамият ва Одамгарӣ”. Китоби нави Абдулҳамид Самад нашр шуд

Қиссаи мустанади Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо номи “Шамъе афрӯзандаи чароғҳо”, ки аз рӯзгори печида ва пайраҳаи эҷодии нависандаи тозаҷӯву навпардоз Пӯлод Толис ҳикоят мекунад, дар нашриёти “Рушди маориф” ба миқдори 1000 нусха аз чоп баромад.

Муаллиф дар пешгуфтори асараш сабаби таълифи қиссаи мазкурро чунин шарҳ додааст:  “Нияти иншои ин қиссаи мустанадро солҳо дар дил доштам, вале пурсиши сарипоии сухангӯйи шинохтаи ТВ ва радио дар дилам онро боз ангехт. Вай дар омади гап баногоҳ пурсид: – Толис аз Самарқанд буд? Банда андешидам, ки агар журналисти миёнаумри ба қавле ҳамадон зодгоҳи нависандаи некному овозадор, вале сарнавишташ пуршебу фароз ва фоҷиавиро надонад, ба осори рангини ӯ ошно ҳам нест. Мебояд шахсият, роҳи эҷодии Толисро, ки симои дурахшони тозакорӣ ва дигарсозии маърифатии насри муосири тоҷик дар охири солҳои 50 ва оғози солҳои 60-и асри бист мебошад, ба хонанда шиносонд”.

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон афзудааст, ки қиссаи “Шамъе афрӯзандаи чароғҳо”-ро дар асоси рӯзномаҳои зиндаёд Пӯлод Толис (1929 -1961) ва ёдвораҳои адибони дӯсту ҳамсаф ва пайвандони донишманди вай дар китоби «Даруни синааш сад орзу буд» навиштааст.

Академик Носирҷон Салимӣ, хонандаи аввалини қиссаи “Шамъе афрӯзандаи чароғҳо” пас аз мутолиа андешаашро чунин баён кардааст: “...Он қадар ҷаззоб, ба дард, бо сӯзу гудоз навишта шудааст, ки лаҳзае аз даст гузоштан муҳол аст. Ба хусус, поёни қиссаро бе оби чашм хондан имкон надорад. Асрори сарнавишти шодравон Толис, решаву ангезаҳои фоҷиаи ин нависандаи хориқулода, пайваста бо розҳои шахсияти инсонии ӯ, ки ҳар эҷодкори асилро дар ҷаҳони бекаронаи армонҳояш маҳкум ба танҳоӣ мекунад, бо талху шириниҳои ҳаёти иҷтимоӣ, адабӣ ва хонаводагӣ тавъам омада дар баробари ин “хатти пешонӣ”-и ин шахсияти нотакрор, ки дар олами адабу ҳунар ҳодисаи нодир набудааст, симои муҳташами як нависандаи соҳибҳунар ва қудратманди роҳкушоро падидор овардааст. Аз дарунмояи қисса бармеояд, ки фоҷеаи Толис на танҳо фоҷеаи ӯ, балки фоҷеаи ҷомеа ва фоҷеаи замон ҳам буд, ки аз ҳикмат ва таҷрибаҳои маънавии аҷдоди худ тӯшаи ночизе дошт ва қадру қимат ва арзиши инсон ҳам дар ҳади ҳамин “ночизӣ” зарфият дошт. Қиссаи дардовару аламангез аз марги ихтиёрии нависандае бо истеъдоди бузург. Вале аз мағз-мағзи сатрҳо маъние парафшон аст, ки қисса аз марг нест, аз зиндагӣ аст, аз зиндагие, ки ҳеҷ гоҳ завол намепазирад, зиндагие, ки ҷавҳари он маъниву маънавият аст... Дар назари камина ин қиссаи дилангези зиндагӣ ва марги нависанда, қасидаест дар ситоиши Одам, Одамият ва Одамгарӣ, ки абадиву поянда аст. Чун зари холис аст, ки ҳатто агар об ҳам шавад, бо аҷноси наҷису сафеҳ омезиш намеёбад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.