27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
25.08.2025 18:47

Фарёди адолат барои Ғазза. Ироқчӣ аз ҷаҳони ислом хост иқдоми фаврӣ кунанд

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Исломӣ баргузор шуд, ки дар ин нишаст масъалаи Ғазза баррасӣ шуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ дар ин нишаст ҷиноятҳои режими Исроил дар Навори Ғаззаро намунаи рӯшани “наслкушӣ ва поксозии қавмӣ” номида, аз кишварҳои исломӣ даъват кард, ки барои шикастани муҳосираи Ғазза ва расондани кумакҳои башардӯстона иқдомҳои фаврӣ анҷом диҳанд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ Ғаззаро “оинаи такондиҳандаи виҷдони ҷаҳонӣ” номида, афзуд, ки мардуми муҳосирашуда бо барномаҳои муназзам кушта мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, минтақаҳои маскунӣ вайрон шуда, бемористонҳо ба қабристон табдил ёфтаанд. Ӯ афзуд, ки кӯдакон дар шароити қаҳтӣ ва гуруснагӣ ҷон медиҳанд ва ин вазъият на фақат як ҷанги маъмулӣ, балки “ҷазои ҷамъӣ ва сиёсатҳои наслкушӣ” мебошад.

Сайид Аббос Ироқчӣ бо такя ба ҳуқуқи байналмилалӣ гуфт, ки ба вуҷуд овардани қаҳтӣ, бомбаборон ва кӯчи иҷборӣ дар Ғазза ҷинояти ҷангӣ бар зидди башарият аст. Ӯ афзуд, ки “таърих аз ҷаҳони Ислом хоҳад пурсид, ки оё дар баробари хомӯш кардани нафаси Ғазза бояд яксадо иқдом кард ё мунтазири дигарон монд”.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳкумиятҳои бидуни амалро нокофӣ донист ва аз кишварҳои исломӣ хост, то абзорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла таҳримҳо, байкотҳо ва фишорҳои байналмилалиро истифода кунанд ва ҳамчунин, робитаҳо бо ҳомиёни режими Исроил қатъ карда шавад.

“Ғазза рамзи муқовимат ва шарафи инсонист, ки бо бомба нест намешавад. Ҷаҳони Ислом бояд ба ҳайси як пайкар муттаҳид, ҷасурона дар паҳлӯи мардуми Ғазза истад”- афзуд Ироқчӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.