Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бердимуҳаммадов ба Шавкат Мирзиёев шутур ва шутурбача туҳфа кард
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Туркманистон сафар намуда, дар минтақаи сайёҳии ин кишвар “Аваза” бо Роҳбари миллии халқи туркман, раиси халқ маслиҳатӣ Гурбонгулӣ Бердиҳаммадов мулоқот карданд.
Дар доираи ин сафар Шавкат Мирзиёев ва Илҳом Алиев бо раҳбари миллии халқи туркман, Раиси халқ маслиҳатӣ Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов дидор намуда, аз майдони махсуси конгресс-маркази “Аваза” боздид намуданд. Дар ин хусус дафтари матбуоти Президенти Туркманистон хабар дод.
Дар ҷараёни сафари сарони кишварҳои зикршуда ҳунари аспсавории халқи туркман бо аспи ахалтакӣ ба меҳмонон нишон дода шуд. Гурӯҳи мазкур имсол дар фестивали байналмилалии сирки Монте-Карло бо медали тилло қадрдонӣ шуда ва ҳамчунин, дар фестивали байналмилалии варзиш Этно дар Истанбул ширкат кардааст.
Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов ба Шавкат Мирзиёев чун рамзи дӯстиву эҳтиром як шутуру шутурбача ҳадя намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”