Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мақомоти Эрон аз сиёсати “оббандии” Толибон ба хашм омаданд
Гурӯҳи террористии Толибон сиёсати бастани оби рӯдхонаҳо ба Эронро идоме медиҳанд ва ин боис шудааст, ки мақомоти эронӣ аз ин сиёсат ба хашм оянд.
Як мақоми баландпояи ҳукумати Эрон аз риоя нашудани созишномаи обии миёни Эрон ва Афғонистон интиқод карда, гуфт, ки фишор ба гурӯҳи Толибон барои таъмини ҳақобаи Эрон афзоиш хоҳад ёфт.
Муҳаммад Ҷавонбахт, муовини вазири неруи Эрон дар умури об гуфт, ки мушкили камобӣ “аз ҷиҳати хушксолӣ ва камборишӣ дар Эрон” бесобиқа аст.
“Бар асоси созишномаи Ҳилманд Афғонистон вазифадор аст, ҳар сол 820 миллион метри мукааб обро ба Эрон тақсим кунад, аммо дар соли ҷорӣ фақат 100 миллион метри мукааб об ба саддҳои нимсӯхта расидааст, ки аз миқдори муқарраршудаи созишнома хеле камтар аст”- гуфт Муҳаммад Ҷавонбахт.
Муҳаммад Ҷавонбахт бо ишора ба пайгирии қатъии ҳуқуқи оби Эрон гуфт, кӯшишҳо барои таъмини ин ҳуқуқ ба таври қатъӣ афзоиш хоҳад ёфт. Қаблан, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон риоя нашудани уҳдадориҳои обии Толибонро яке аз мушкилоти асосии робитаи ду кишвар ном бурда буд.
Мақомоти эронӣ мегӯянд, ки Толибон барои пешгирӣ аз ворид шудани об ба Эрон, обро ба дигар минтақаҳо равон мекунанд. Дар вокуниш дар ин гуфтаҳо Толибон мегӯянд, ки онҳо шартномаи обро риоя мекунанд. Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон дар сафараш ба Эрон гуфт, ки таъмини об барои мардуми Сиистон ва Балуҷистон вазифаи инсонӣ ва исломии онҳо мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”