Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Владимир Зеленский се ширкати Ӯзбекистонро таҳрим кард
Президенти Ҷумҳурии Украина Владимир Зеленский бо як фармон се ширкати фаъоли Ӯзбекистонро таҳрим кард. Фармони Президент дар бораи таҳрими ширкатҳои ӯзбекистонӣ дар сомонаи расмии Президенти Украина нашр шуд.
Бар асоси ин фармон бар зидди ширкатҳои зерин таҳрим ҷорӣ карда мешавад. Якум, ширкати “Mercury Renaissance”. Ин ширкат ба иҷора ва лизинги таҷҳизоти сохтмонӣ ва таҷҳизоти сохтмонии объектҳои шаҳрвандӣ машғул мебошад. Ин ширкат ба Азимҷон Валихонов, Рустам Муминов ва Шаҳриёр Тоҷиев тааллуқ дорад.
Дуюм, ширкати “Raw Materials Cellulose”. Ин ширкат ноябри соли 2017 сабти ном шудааст ва ба истеҳсоли чӯб ва селлюлоза машғул мебошад. Роҳбари ширкат Мамурҷон Муминов, Лариса Уткина ва Лариса Бикова мебошанд.
Сеюм, ширкати “Фарғона кимиё”. Ин корхона моҳи августи соли 2012 сабти ном шудааст. Ба истеҳсоли чӯб ва селлюлоза машғул аст. Роҳбари ширкат Сергей Собиров буда, молики ширкат “Mercury Renaissance” аст.
Ҳамзамон, Президенти Украина бар зидди Рустам Муминов, ки молики Mercury Renaissance аст, таҳрим ҷорӣ кард. Умуман таҳримҳо ба 74 ширкат таъсир мерасонанд, ки аз онҳо 67 ширкат русӣ ва 7 ширкати дигар дар Ӯзбекистон, Чин, Эрон ва Беларусия сабти ном шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”