Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
То 4500 ҳазор сомонӣ ҷарима барои назди фолбину ҷодугар рафтани шаҳрвандон муқаррар гардид
Тиқби Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, аз хизматрасонии онҳо истифода мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, тибқи талаботи моддаи 482 илова 1 (истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин)-и кодекси мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, аз хизматрасониҳояшон истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 50 (3750 сомонӣ) то 60 (4500 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ мегардад.
Бинобар иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар кишвар 495 ҳодисаи ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима ба маблағи аз 6000 то 7500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 рӯз таҳдид менамояд. Ҳамчунин, барои такрори қонуншиканӣ ё вазнинтар эътироф шудани амалу кирдор тибқи моддаи 240.1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад, ки тибқи он ҷарима ба маблағи аз 112 ҳазору 500 сомонӣ то 150 ҳазор сомонӣ ё ҳатто маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”