27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
25.08.2025 08:28

Роналду рекорди нав гузошт, аммо боз ноком шуд. Ӯ то ҳол бо “Ал-Наср” ягон ҷоиза нагирифтааст

Бошгоҳи “Ал-Наср”, ки дар он Криштиану Роналду шомил аст, дар даври ниҳоии мусобиқаи Суперҷоми Арабистони Саудӣ бо дастаи “Ал-Аҳлӣ” рӯ ба рӯ шуд.

Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид, аммо дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бошгоҳи Криштиану Роналду бо ҳисоби 5:3 бозиро бохт ва боз аз қаҳрамонӣ маҳрум шуд.

Футболбози португалӣ Криштиану Роналду аз соли 2022 инҷониб дар ҳайати дастаи “Ал-Наср”  ҳунарнамоӣ мекунад, вале то ҳол ягон ҷоизаи расмӣ ба даст наовардааст.

Ӯ ва ҳамдастагонаш умед доштанд, ки дастаи “Ал-Аҳлӣ”-ро шикаст дода, аввалин ҷоизаашонро бо Криштиану Роналду ба даст меоранд, вале муваффақ нашуданд. Ҳарчанд дар майдон аз ҷиҳати зарбаҳо ва идораи тӯб бошгоҳи “Ал-Наср” бартарӣ дошт, вале ноком шуданд.

Дар бозии мазкур Криштиану Роналду голи 100-уми худро дар ҳайати дастаи “Ал-Наср” ба самар расонд ва рекорд гузошт. Яъне футболбози португалӣ дар корномааш тавонистааст, ки дар чор бошгоҳ  “Манчестер Юнайтед” (145), “Реала Мадрид” (450) “Ювентус” (101) ва “Ал-Наср” (100) сад ва аз он зиёд гол бизанад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.