Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар 7 моҳи соли 2025 саноати Тоҷикистон афзоиши назаррас доштааст
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки саноати кишвар дар ҳафт моҳи ахири соли 2025 афзоиши назаррас доштааст. Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 34, 89 миллиард сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 24, 5% бештар мебошад.
Омилҳои асосии нишондиҳандаҳои афзоиши рушд дар соҳаҳои муҳимми ҷумҳурӣ инҳо мебошад: саноати истихроҷ - афзоиш, 107 маротиба, саноати коркард - 6%, истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ ва тоза кардани ҳаво – 12, 7%, таъминоти об, коркарди партов ва истифодаи такрории ашё - 15, 2%.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли саноати истихроҷ 11, 7 миллиард осмониро ташкил медиҳад, ки он асосан аз ҳисоби бештар шудани истихроҷи нафту газ, ангишт ва маъданҳо ба даст омадааст. Саноати коркард 16, 2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки бахшҳои хӯрокворӣ, нассоҷӣ, маҳсулоти чӯб ва қоғаз, масолеҳи сохтмон ва металлургияро фаро мегирад.
Саҳми бештар дар саноати ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд (61%) ва Хатлон (19, 4%) рост меояд. Дар маҷмуъ, дар ин давра 3887 корхонаи саноатӣ фаъолият кардааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки афзоиши истеҳсолоти саноатӣ барои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дошта, боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти миллӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”