27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
23.08.2025 14:01

Зайнаб Ҳусейнова: “Ватандӯстӣ танҳо бо забон намешавад”

Зайнаб Ҳусейнова аз ҷумлаи ҷавонони фаъоли фазои маҷозӣ буда, дар ҳоли ҳозир обуначиёнаш дар Фейсбук 57 ҳазор, дар Инстаграм зиёда аз 61 ҳазор ва дар Тик-Ток беш аз 45 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ӯ то чанде пеш дар саҳифаҳояш наворҳои шеърӣ ва панду андарз мегузошт, вале акнун худро ҳамчун блогери сайёҳӣ муаррифӣ карда, барои миллионҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ гӯшаҳои зебои Тоҷикистонро тарғиб менамояд.

Ҳоло Зайнаб Ҳусейнова дар шумори блогерони пешқадам аст. Муҳтавои матолиби саҳифааш ба мавзуҳои ватандӯстӣ, тарғиби кирдорҳои нек ва маҳкуми бадиҳо бахшида шудааст.

Dialog.tj бо Зайнаб Ҳусейнова дар бобати тарзи пешбурди дурусти блог дар шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳимияти тарғибу муаррифии гӯшаҳои ватан ва роҳҳои хизмат ба мардуму нафърасон будан суҳбат кард, ки фишурдааш манзур мегардад.

АЗ ЖУРНАЛИСТИКА БА БЛОГИНГ

- То ҷое медонем, шумо қабл аз блогерӣ ба фаъолияти журналистӣ машғул будед, бигӯед, ки сабаби ба блогинг рӯ оварданатон чист?

- Бале, ман чанд сол дар соҳаи журналистика фаъолият кардам. Аммо ҳолатҳое буданд, ки имкони озодона баён намудани фикру андешаи худро надоштам ва ҳатто ҳолате буд, ки наметавонистам як аксамро дар саҳифаам нашр кунам. Ҳатман аз ҷониби ҳамкорон ишора мешуд, ки набояд чунин акс гузорам. Дар умум, журналистика барои ман як мактаби бузурги таҷриба ва омӯзиш буд, вале бо гузашти рӯзҳо эҳсос кардам, ки бояд озод ва ба обуначиёнам наздик бошам. Аз ҷониби дигар, дар фазои маҷозӣ фаъол будан кори осон нест. Чун агар даҳ нафар тарафдори фикрат бошад, ду нафари дигар пайдо мешавад, ки зид аст ва суханҳои қабеҳро зери наворҳоят мекорад ва ту маҷбурӣ ба ҳамаи ин таҳаммул кунӣ.

- Блогерӣ барои шумо касб аст ё шуғл ва ба ҷуз кори блог боз ба кадом корҳо машғул ҳастед?

- Дар аввал блогерӣ бароям шуғл буд. Яъне василаи баён кардани фикру эҳсосам тариқи навор ё матн. Бо гузашти вақт ин шуғл ба касб табдил ёфт, зеро маҳз бо шарофати фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо табассум бароям мегӯянд “ман обуначии шумо ҳастам ва наворҳоятонро мебинам”. Ин ҷумла ба ман қувваву тавоноии зиёд мебахшад. Имрӯз блогерӣ як ҷузъе аз зиндагиам аст. Ин корро ҳам дӯст медорам ва ҳам масъулияти бузург меҳисобам. Ман масъули саҳифаам ҳастам ва бояд коре накунам, ки бовариву эътимоди обуначиёнамро шиканам ва онҳоро пушаймон кунам. Дар ин самт ман танҳо ҳаминро дарк кардам, ки вақте ту садои худро дорӣ ва онро бо нияти нек истифода мебарӣ, ҳатман ба дигарон таъсири мусбат мерасонӣ ва шояд барои бархеҳо манбаи илҳом ҳам бигардӣ. 

Бояд бигӯям, ки ба ҷуз блогерӣ ҳоло ба омӯзиши забони олмонӣ машғул ҳастам ва ният дорам дар хориҷи кишвар таҳсиламро идома диҳам.

- Ба андешаи шумо журналистика ва блогинг чӣ умумият ва чӣ тафаввут доранд?

- Ба назари ман, журналистика ва блогинг ба якдигар нуқтаҳои умумӣ ва зич доранд, аммо боз аз ҳамдигар фарқ ҳам мекунанд. Ҳадафи ҳар ду соҳа расонидани иттилоот ба мухотаб аст, лекин дар ҳоли ҳозир блогинг озодтар аст. Журналистика бошад, риояи этикаи касбӣ, санҷишу тасдиқи иттилоот ва ғайраҳоро меписандад.

ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ДИГАР

- Шумо блогери сайёҳӣ ҳастед ва гӯшаҳои гуногуни кишварамонро ба садҳо ҳазор корбарони фазои маҷозӣ нишон медиҳед. Бигӯед, ки чӣ гуна тасмим гирифтед, ки муаррифгари минтақаҳои гуногун бошед?

- Ростӣ, сараввал ман дар блогам наворҳои шеърӣ ва суханҳои пандомез мегузоштам. Ба ҳар гӯшае, ки мерафтам, ба ҷуз чанд акс дар блогам чизе намегузоштам. Пасон, ба хулосае расидам, ки ҳар ҷое рафтам, дар баробари дидани худам, боз барои обуначиёнам ҳам навор мегузорам, то ки онҳо ҳам бо минтақаҳои зебои кишварамон шинос шаванд ва шояд хоҳиши аз наздик дидани он маконҳоро пайдо кунанд.

- Муаррифӣ кардани ватан кори осон нест, оё то имрӯз шуд ҳолате, ки ба шумо сайёҳони дохилӣ ё хориҷӣ гуфта бошанд, ки маҳз бо шарофати муаррифии шумо ба фалон минтақа сафар карданд?

- Дуруст аст, ин кори саҳлу осон нест. Яъне муаррифии Ватан танҳо нақл ё сухани холӣ нест. Ёд дорам, вақте ки як наворам дар Инстаграм наздики миллион ва дар Тик-Ток зиёда аз ду миллион маротиба бозбинӣ шуд, чанде аз блогерони хориҷӣ чӣ гуна ба он минтақа рафтанро пурсиданд. Хоҳ-нохоҳ мардум, хусусан хориҷиён таваҷҷуҳ мекунанд, зеро кишвари мо гӯшаҳои зебо ва дилрабо хеле зиёд дорад.

- То имрӯз кадом минтақаҳои кишвар рафтед ва дар ин миён куҷо ба шумо аз ҳама зиёдтар писанд омад?

- Шукр, то имрӯз қариб ба ҳама минтақаҳои Тоҷикистон сафар кардам. Ҳар гӯшаи кишвар бароям азиз аст. Аммо Ҳафткӯли Панҷакент, Сари Хосори Хатлон, Дарвоз ва Искандаркӯл бароям зиёд писанд омаданд. Дар оянда ҳам кӯшиш мекунам, ки маконҳои надидаамро бубинам ва наворҳои ҷолиб омода кунам.

ПАЁМҲОИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ

- Дар блоги шумо матолиби ватандӯстонаро низ хеле зиёд мушоҳида кардан мумкин аст. Бигӯед, ки ватандӯстӣ барои шумо чӣ маъно дорад ва киро ватандӯст метавон гуфт?

- Барои ман ватандӯстӣ ин муҳаббати бепоён аст. Ватандӯстӣ танҳо бо забон намешавад. Фикр мекунам, ватандӯст касест, ки Ватанашро мешиносад ва барои ободиву зебоии он талош мекунад.

- Ҷавонони имрӯз чӣ гуна метавонанд ватандӯстии худро нишон диҳанд?

- Ба назари ман, ҷавонон пеш аз ҳама бо дониш ва амал метавонанд ватандӯстии худро нишон диҳанд. Яъне, касе, ки дониши кофӣ дорад ва онро ба фоидаи халқу ватан ба кор мебарад, бешак дар муаррифиву рушди меҳан саҳмгузор буда метавонад.

- Нақши блогеронро дар тарбияи эҳсоси миллӣ ва ватандӯстӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Агар блогерон бо масъулияти касбӣ кори худро анҷом диҳанд, дар тарбияи эҳсоси миллӣ ва ватандӯстӣ нақши бузург дошта метавонанд. Блогер метавонад бо истифода аз саҳифаи худ таърихи кишвар, қаҳрамонон, арзишҳои фарҳангӣ ва забонро ба таври ҷолиб пешниҳоди обуначиёнаш кунад. Дар ҳоли ҳозир саҳифаҳои иҷтимоӣ миллионҳо корбар доранд ва дар ин фазои беканор ҳар блогер то андозаи дарку фаҳмиш ва қобилияташ метавонад барои муаррифии кишвараш саҳмгузор гардад.

- Ҳамчунин, дар мавзуъҳои доғ андешаронӣ мекунед. Бигӯед, ки ин гуна озодона фикрронӣ кардан ба сари шумо ягон мушкилӣ наовардааст.

- То ҳол не ва Худо кунад, ки дар оянда низ ягон мушкилӣ наорад. Баъзан вақт наметавонам хомӯш истам ва аз ин рӯ кам-кам дар мавзуъҳои доғи рӯз андешаамро мегӯям.

БАДНОМӢ

- Бадбахтона, ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Инстаграм ва Тик-Ток касоне ҳастанд, ки матолиби бадномкунанда нашр мекунанд. Наворҳои бемаънии онҳо дар ҷомеа вокунишҳои тунд ба бор меоранд ва муаллифон аз ҷониби мақомоти интизомӣ ба муҳлати 5-14 рӯз ҳабс мешаванду боз баромада кори худро давом медиҳанд. Ба андешаи шумо чаро ҷазо ислоҳ намекунад?

- Ба фикри ман шахсоне, ки барои маъруфият ҳама чизро қурбон мекунанд, аз ҳабси кӯтоҳ наметарсанд. Ё саҳифаашонро нест кунанд ё ҷазои сахттаре муқаррар намоянд. Чун барои баъзе ҳатто ин ҳасби кӯтоҳ ба мисли “реклама” аст, ки пас аз озодӣ бештар обуначӣ ба даст меоранд. Як чизи дигарро мехоҳам қайд намоям, ки онҳоро то ҳамин ҳол худи мо овардем. Бо чӣ? Бо тарафдорӣ, бо тамошо ва бо “лайк”-е, ки мегузорем.

- Ба фикри шумо ҳамчун як блогери намунавӣ, чи гуна метавон доғоварандагони блогингро пурра аз интернет решакан кард?

- Ростӣ, пурра решакан кардани онҳо ғайриимкон аст, зеро интернет фазои озод мебошад. Аммо шумора ва таъсири онҳоро худи мардум метавонанд кам кунанд. Тамошо накардан, “лайк” нагузоштан, паҳн накардан. Агар аудитория таваҷҷуҳ накунад, бовар дорам, чунин шахсон худашон нопадид мешаванд. Ва бояд афзуд, ки вақте фазои интернет аз наворҳои хубу пурмуҳтаво холӣ мемонад, ҳатман, ки ин гуна наворҳо зиёд мегарданд.

- Дар беҳтар шудани вазъи фазои маҷозӣ нақши Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон миёни давлат, ҷомеа ва блогерон нақши як пулро иҷро мекунад. Чанде пеш Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои блогерон семинари омӯзишӣ гузарониданд, то блогерон дониши касбӣ ва фарҳанги муошираташонро зиёд кунанд. Фикр мекунам, агар дастурамале ё меъёри касбие барои блогерон таҳия шавад хеле хуб мешавад. Барои мисол: Чӣ гуна бо аудитория муносибат кардан? Чӣ гуна масъулиятро риоя кардан? Чӣ гуна фарқ гузоштан  байни озодӣ ва бемасъулиятӣ?

- Сухани охири шумо чӣ мешавад?

Мехоҳам бигӯям, ки пеш аз ҳама мо бояд шукр кунем, ки дар як давлати орому ободу осуду зиндагӣ мекунем ва бояд ба қадри ҳамаи ин неъматҳо бирасем.

Беҳбудии фазои блогинги тоҷик аз худи блогерон вобаста аст. Агар ҳар як блогер масъулият эҳсос кунад, ахлоқро риоя намояд, муҳтавои босифат ва арзишманд пешниҳод кунад, ҷомеа худ аз худ миёни “блогерони воқеӣ” ва “шуҳратхоҳу бемасъулият” фосила мегузорад.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.