Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазорати мудофиа барои артиш намунаи нави либос медӯзад
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи нави либосҳои ҳарбиро муаррифӣ кард, ки ба гуфтаи масъулони он ба шароити иқлимии кишвар созгор мебошад.
Бар асоси иттилои маркази матбуоти Вазорат ин либоси нав бо назардошти интихоби матоъҳои мувофиқ ва шакли дӯхти муносиб омода шудааст, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шароити гарм ва кӯҳистонӣ роҳат мебошад.
Дар машварти корӣ, ки бо ширкати роҳбарияти Қувваҳои мусаллаҳ, намояндагони шӯрои амният, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ доир шуд, зикр гардид, ки ин либос ҳамчун намунаи либоси ягонаи миллӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода хоҳад шуд.
Вазорат қайд кард, ки дар вақти таҳия на фақат стандартҳои ҳарбӣ, балки унсурҳои миллӣ низ ба назар гирифта шудаанд, то рамз ва худшиносии Тоҷикистонро бозтоб диҳанд.
“Либоси ҳарбӣ на фақат ҷузъи хидмати ҳаррӯза, балки рамзи шараф, эҳтиром ва намояндагии давлат дар сатҳи байналмилалӣ аст”- зикр мешавад дар изҳороти Вазорат.
Мақомот илова мекунанд, ки корҳо дар хусуси такмил додани либоси ҳарбӣ аз солҳои истиқлолият оғоз шуда, бо супориши Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”