Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дастаи сафорати Арабистони Судӣ дар бозии дӯстона дар Душанбе пирӯз шуд
Дар шаҳри Душанбе дар майдони футболи Академияи Ювентус бозии дӯстона миёни дастаи Сафорати Арабистони Саудӣ ва намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) баргузор гардид.
Ташкилкунандагони бозии футбол таъкид намуданд, ки ҳадафи бозӣ таҳкими робитаҳои дӯстона дар миёни созмонҳои байналмилалӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни кормандони он буд. Бозиро Сафири фавқулодда ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон ва директори дафтари WFP дар ҷумҳурӣ Адҳам Мусаллам ифтитоҳ кард.
Дар трибунаҳо намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорон ва мухлисон ҳузур доштанд. Фазои бозӣ бо руҳияи эҳтироми дуҷониба ва рақобатҳои варзишӣ фарқ мекунад.
“Ин гуна ташаббусҳо ба рушди ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстонаи миёни кишварҳо ва созмонҳо мусоидат мекунанд” – таъкид намуд Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон.
Дар ҳамин ҳол, Адҳам Мусаллам низ гуфт, ки чунин чорабиниҳо барои густариши дӯстӣ ва тарғиби тарҳи ҳаёти солим нақши муҳим мебозанд. Бозии дӯстона бо пирӯзии дастаи сафорати Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”