Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ислом Махачев муҳориба бо Чимаев ва Топурияро рад накард
Шоми гузашта нишасти матбуотии пеш аз мусобиқаи муҳорибаҳои омехта бахшида ба ёдбуди Абдулманап Нурмагомедов доир гашт, ки собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук ва ҳоло довталаби камарбанди чемпионӣ дар вазни ниммиёна Ислом Махачев ба саволҳои хабарнигорон посух дод.
Дар нишаст Ислом Махачев дар бобати муҳориба бо чемпиони вазни миёна Ҳамзат Чимаев чунин гуфт: “Бояд ба наздикӣ муҳорибаи ман ва Ҷек Делла Маддаленаро расман эълон кунанд. Ман аз вазни сабук ба вазни ниммиёна мебароям ва дар мавриди муҳориба бо Ҳамзат Чимаев дар вазни миёна ҳоло чизе гуфта наметавонам”.
Дар ин росто, бояд гуфт, ки чанд рӯз пеш чемпиони вазни миёна Ҳамзат Чимаев иброз дошт, ки агар роҳбарияти ташкилоти UFC хоҳанд дар вазни ниммиёна бо ғолиби муҳорибаи Ислом Махачев ва Ҷек Делла Маддалена барои камарбанди чемпионӣ меҷангам.
Ҳамчунин, аз Ислом Махачев дар мавриди муҳориба бо чемпиони вазни сабук Илия Топурия пурсиданд, ки чунин посух дод: “Пас аз муҳорибаи навбатиам маълум мешавад, ки ман дубора ба вазни сабук баромада метавонам ё не. Агар вазни бисёр надошта бошам, албатта, бо Илия Топурия муҳорибаи сертамошобин ташкил кардан мумкин аст”.
Дар ҳоли ҳозир муҳорибаи Ислом Махачев ва Ҷек Делла Маддалена расман эълон нашудааст, вале аз рӯи хабарҳо он бояд 15-уми ноябр дар Амрико ташкил карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”