Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҷавони 17-солаи британиягӣ барои талоши оташзании масҷид ба 10 соли зиндон маҳкум шуд
Суди Британия ҷавони 17-соларо, ки ҷонибдори идеологияҳои фашистӣ буд ва ба оташ задани як масҷид дар шаҳри Глазго (Шотландия) омодагӣ медид, ба 10-соли зиндон маҳкум кард. Баъди адои ҷазо ӯ боз ҳашт сол дар зери назорати мақомоти ҳуқуқӣ боқӣ хоҳад монд.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, номи маҳкумшуда бинобар синни ҷавонаш ошкор намешавад. Ӯ дар вақти боздошт бо як ҷузвдони пур аз баллонҳои газ, тирҳо ва дигар маводҳои тарканда дар роҳ ба сӯи масҷид боздошт гардид.
Тафтишот нишон дод, ки ӯ қаблан нақшаи масҷидро таҳия намуда, бо имоми он масҷид робита барқарор карда буд. Ҷавон дар суд иқрор шуд, ки ба воситаи интернет ба ақидаҳои ифротгароёна ҷалб шудааст. Дар хонаи ин ҷавон китоби “Набарди ман” –и Ҳитлер ва нусхаи Қуръон пайдо шудааст.
Бар асоси гуфтаи мақомот дар телефони мобилии ӯ рӯйхати шахсиятҳои маҳбубаш, аз ҷумла Ҳитлер, Муссолини ва ҳамчунин, террористи норвегӣ Андерс Брейвик, ки соли 2011 77 нафарро кушта буд, сабт гардидааст.
Парвандаи ин ҷавон бо моддаи терроризм баррасӣ шуд ва бар асоси гуфтаи мақомот синну соли ҷавони ӯ сабаби сабук таъйин намудани ҷазо нашуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”