Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Роҳбари ширкати сохтмоние барои аз худ кардани қариб 50 миллион сомонӣ боздошт шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошт шудани роҳбари ширкати сохтмоние хабар дод, ки қариб 50 миллион сомонии шаҳрвандонро аз худ кардааст.
Манбаъ менависад, ки Одинаев Содиқ Ҳикматуллоевич, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе, ки барои содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-тафтишотӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе боздошт карда шуд.
Гуфта мешавад, ки Одинаев Содиқ зимни фаъолият ба ҳайси роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ "Ҷамол-Басир", беш аз 160 нафарро фиреб дода, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, маблағҳои калони пулии онҳоро аз худ кардааст.
Зикр мегардад, ки номбурда як манзили истиқоматиро ба чанд кас, аниқтараш аз 3 то 7 нафар ба фурӯш гузошта, дар ҳаҷми махсусан калон ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки зарари ба шаҳрвандон расонидаи Одинаев Содиқ наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳанд.
Гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад