27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
21.08.2025 14:26

Душанбе: Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе кушода шуд

Бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми кушодашавии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.

Бинои асосии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе аз ҳафт ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 167 ҳуҷра, аз ҷумла 105 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 230 кат, шуъбаҳои қабул ва ташхис, ҷарроҳӣ, осебҳои сӯхта, бемориҳои заҳролудшавӣ, шикастабандӣ, асаб ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа ва унсурҳои меъмории миллӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, туҳфаи идонаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии пойтахт мебошад.

Дар ин муассисаи тандурустӣ 107 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла катҳои махсус барои бемориҳои сӯхта, дастгоҳи сайёр барои шустушуйи беморон, барокамераи сайёр, дастгоҳи лазерии табобати оқибатҳои сӯхта, дастгоҳи лазерии лифтинги табобативу косметологӣ, дастгоҳи ултрасадои табобатию барқарорсозии бемориҳои сӯхта, таҷҳизоти даруннигарии видеоӣ барои рўдаву меъда, видеоэндоскопӣ ва видеобронхоскопи сайёр аз навгониҳои иншоот аст, ки таҷҳизоти насли нав буда, бори аввал ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Ҳамзамон рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷа аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон оварда шудаанд, ки барои хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида мешаванд.

Дар беморхона 62 нафар табиби соҳибтахассус ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳои гуногун таҷрибаи баланд доранд.

Дар дигар ошёнаҳои беморхона шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ барои фаъолияти самарабахши табибон ва истифодаи беморон муҳайё карда шудаанд.

Бо фарох гардидани имкониятҳо дар бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе кафедраи ҷарроҳии умумии №2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кафедраи бемориҳои асаб, осебшиносӣ ва ортопедии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҷо ҷойгир шудаанд.

Дар беморхона гӯшаи гиёҳҳои шифобахш низ ташкил карда шудааст, ки дар он бо истифода аз ин неъматҳои табиати Тоҷикистон нушобаҳо омода карда мешаванд.

Беморхона, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 60 курсӣ ва ошхона бо 108 ҷойи нишаст буда, дар ҳудуди беморхона таваққуфгоҳ низ сохта шудааст.

Бино бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд гашта, саҳн ва атрофи он ободу сабзкорӣ ва бо насби чароғакҳои ороишӣ ба симои шаҳри дилорои Душанбе зебоии тоза зам намудааст.

Бо муҳайё гардидани чунин шароити муосиру сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ, минбаъд шаҳрвандон метавонанд тамоми навъҳои ташхису табобати бемориҳоро дар дохили кишвар анҷом диҳанд, ки ин барои ҳифзи сиҳатии аҳолӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.