27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
22.08.2025 10:43

Ҷидоли Путин бо Ғарб дар баробари созиш ба амният ва сулҳ дар ҷанги Украина. Путин чӣ мехоҳад?

  1. Минтақаҳоеро, ки тасхир кардем, пас намедиҳем. Луганск, Донетск, Мариупол, Мелитопол, Запороже, Херсон ва тамоми Донбасс мебошад.

  2. Баҳси Қрим тамомшуда аст вақтатонро беҳуда сарф накунед!

  3. Украина ба НАТО намепайвандад. Ин воқеияти геополитикии имрӯзи минтақаи мост.

  4. Тазмини амниятӣ ба Украина ба воситаи Ғарб бидуни нақши Русия бемаъно аст

  5. Оташбасро то ҳалли доимии муаллифаҳои болоӣ намепазирем.

Путин бо ин пешшартҳо Аврупо ва Украинаро ғофилгир карда ва се гузина барои Украина боқӣ гузоштааст:

1.Дар сурати напазируфтани шарти Путин Украина дар ҳимоят аз Аврупо бояд ба ҷанги фарсоишӣ ва бисёр пурҳазина идома диҳад, ки бозандаи қатъӣ ва бо талафоти зиёд хоҳад буд. Дар ин сурат Аврупо бояд садҳо миллиард доллар силоҳҳои пешрафта, ҳамроҳ бо падофанди ҳавоӣ аз Амрико барои дифоъ аз Украина бихарад. Ин тафаккур дар Аврупо ба шиддат зери нақдҳои шадиди зеҳнияти омма қарор дорад.

2.Пазируфтани пешшартҳои Путин марги сиёсии Зеленский ва шикасти доимии Украина ҳисобида мешавад. Дар ин ҳолат Украина ҳич гоҳе нахоҳад тавонист, ки дар баробари таҳдидҳои Русия сар боло кунад.

  1. Эҷоди шароити миёна, ки пешшартҳоро бо гирифтани замонаи амниятӣ аз сӯи Амрико ва Аврупо, ки шабеҳи моддаи 5 паймони НАТО хоҳад буд, дар бар гирад. Ин ҳам шикасти “обрумандона” пиндошта мешавад.

  2. Дар ин миён Доналд Трамп нақши восита ва миёнаравро бозӣ мекунад. Ӯ роҳбарони аслии Аврупоро ба Кохи сафед даъват кардааст, то рӯи ин пешшартҳои Путин суҳбат кунанд. Росташ ин Путин аст, ки бачаи аслии филм дар ҷанги Украина аст. Трамп нохоста нақши паёмрасони Путинро ба аврупоиҳо ва дар кулл ҷомеаи ғарбӣ дорад. Аммо Трамп дар пайи сенарияи дохилии худ низ аст. Ӯ, ки ваъдаи хатми ҷанги Украинаро дар корнома дорад, дар талош аст, то ҷоизаи Нобели сулҳро ба даст оварад. Аммо фаромӯш карда аст, ки ҳукми судури ин фармон дар дастони Путин қарор дорад. Агар Путин бо Трамп созиш кунад, барандаи ҷоизаи Нобели ҷаҳонӣ ҳатман Кохи сафед хоҳад буд. Ин бузургтарин ришваи сиёсии Путин ба Трамп ҳисоб мешавад. Русия ҳич гоҳе раҳбари зирак ба сони Путин надоштааст. Путине, ки чаҳор сол пеш дар баробари ду интихоби марг ё ҳамла ба Украина қарор дошт, ҳоло шароити марг ва зиндагии ҳарифони худро рӯи мизи Кохи сафед гузоштааст.

Малик Ситез, таҳлилгари сиёсӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.