Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Намояндаи Эрон дар СММ мегӯяд, террористон аз Сурия ба Афғонистон интиқол меёбанд
Сафир ва намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид Амир Сайид Иравонӣ рӯзи панҷшанбе дар як изҳороти бесобиқа ба аъзои Шурои амният хабар дод, ки гузоришҳои боэътимод дар бораи интиқоли террористон аз Сурия ба Афғонистон вуҷуд дорад.
Ӯ бо изҳори нигаронии шадид аз ин раванд афзуд, ки гурӯҳҳои ДОИШ, Ал-қоида ва дигар ҷангиёни террористи хориҷӣ ҳамоно ба ноором кардани минтақа машғул мебошанд.
“Мо шадидан аз гузоришҳои боэътимод дар бораи интиқоли баъзе аз унсурҳои террористӣ ва ҷангиёни хориҷӣ аз Сурия ба Афғонистон нигаронем. Ин амр таҳдиди мустақим ба ҳамсоягони Афғонистон ва суботи минтақа ба ҳисоб меравад”- зикр кард Амир Саид Иравонӣ.
Амир Саид Иравонӣ гуфт, ки ҳамаи кишварҳо бояд дар мубориза бо терроризм дар ҳама гуна шакл ва зуҳуроти он комилан мутобиқ ба ҳуқуқи байналмилалӣ амал кунанд.
Ин нахустин бор аст, ки Эрон ошкоро аз интиқоли террористон аз Сурия ба Афғонистон сухан мегӯяд. Пештар намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид низ дар хусуси интиқоли террористони хориҷӣ аз Ховари Миёна ба Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буд.
Аъзои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе аз ҳузур ва фаъолиятҳои террористон дар хоки Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд. Намояндаи Покистон гуфт, ки таҳдиди терроризм аз хоки Афғонистон ҷиддӣ ва фаврӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, ДОИШ тақрибан 2000 ҷангҷӯро ҷойгузин кардааст, ки таҳдиди бузург барои амнияти минтақа ва ҷаҳон мебошад. Бо вуҷуди ин, Толибон ҳар гуна ҳузур ва фаъолияти гурӯҳҳои террористиро дар Афғонистон рад мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”