Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
40 миллион долларро рад кард. Ҳабиб Нурмагомедов чаро барнамегардад?
Собиқ чемпиони UFC ва ҳоло шореҳи ин ташкилот Даниэл Корме дар мусоҳибаи охири худ дар бобати бозгашти Ҳабиб Нурмагомедов ҳарф зад.
- Дар мавриди бозгашт ба UFC Ҳабиб Нурмагомедов бо ман суҳбати тӯлонӣ дошт. Ӯ гуфт, ки ташкилот 40 миллион доллар пешниҳод кард, аммо рад кардам. Акнун тасаввур кунед, вақте ки 40 миллион долларро рад кунад, дигар ӯро дар майдон интизор шудан мантиқӣ нест" - афзудааст Даниэл Корме.
Ҳабиб Нурмагомедов, собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук дар корномаи касбиаш 29 муҳориба гузаронида, 29 ғалаба дорад, то ҳол ба бохт дучор наомадааст. Ӯ камарбанди чемпиониашро соли 2020 бори сеюм ҳимоя кард ва ба корномааш нуқта гузашт.
Тӯли панҷ сол чандин маротиба мешавад, ки хабари бозгашти Ҳабиб Нурмагомедов расонаӣ мегардад, аммо ӯ ҳамоно рад мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”