27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:13, Душанбе
22.08.2025 10:19

“Артиши Покистон калиди тағйири ҳукумат дар Кобулро ба даст гирифтааст”

Журналисти покистонӣ Адиб Радҷо дар як матлаби таҳқиқотии худ мегӯяд, далелҳое вуҷуд доранд, ки Созмони иттилооти Покистон (ISI)  нишасти мухолифони Толибонро дар Исломобод ташкил ва ҳимоят мекунад.

Тибқи навиштаи ин рӯзноманигор, нишасти мухолифони Толибон, ки рӯзҳои 25-ум ва 26-уми август дар Исломобод доир мегардад, як иқдоми классикии артиши Покистон барои тағйири ҳукумат дар Афғонистон мебошад.

Адиб Радҷо рӯзи гузашта дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” бо ҳамовозӣ ба нигарониҳои Зулмай Халилзод, намояндаи собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон навишт,  мушоҳидаҳои ӯ нишон медиҳанд, ки Созмони иттилооти Покистон на фақат нишастро ташкил додааст, балки шароити зист барои ширкаткунандагонро низ фароҳам кардааст. 

Ӯ, ҳамчунин, ба нақши Мария Султон, раиси муассисаи “Суботи стратегии Осиёи Ҷанубӣ” ишора намудааст, ки бо истифода аз робитаҳои касбии худ бо мақомоти истихбороти Покистон тавонист ҳамоҳангиҳои заруриро барои баргузории ин рӯйдод анҷом диҳад.

Мария Султон қаблан ба интиқоди Халилзод дар хусуси ин нишаст посух дода, ӯро ба ширката дар ҳамон конфронс даъват намуд ва гуфта буд, ки “ин чорабинӣ оромиши Халилзодро халалдор кардааст”.

Адиб Радҷо дар саҳифаи худ навишт: “Ба назар мерасад, ин як иқдоми классикӣ барои тағйири ҳукумат дар Афғонистон аст, ки  Осим Мунир, ҳокими низомии Покистон барои хушнуд кардани Президент Трамп роҳандозӣ намудааст”.

Ба гуфтаи ӯ, мухолифати Чин метавонад барои Покистон мушкилоти ҷиддӣ ба бор оварад.

Зулмай Халилзод қаблан иқдоми Покистон барои доир кардани нишастро “ғайримасъулона ва таассуфбор” хонда, гуфт: “Дастгирии ошкори Покистон аз мухолифони Толибон ба воситаи мизбонии нишаст амали бисёр барвақт, таҳриккунанда ва нодуруст аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.