27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:18, Душанбе
21.08.2025 16:03

Донишкадаи исломии Тоҷикистон соҳиби бинои нав шуд. Президент ва раиси шаҳр онро ифтитоҳ намуданд

Биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собитро имрӯз 21 агусти соли 2025 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон расман кушода ва мавриди истифода қарор доданд.

Биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии тайи ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи миллати тамаддунофари тоҷик бо тарҳи басо зебову дилкаш бунёд ёфта, яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар ба ҳисоб меравад. 

Биноҳои тозабунёд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ ва ороиши зебои тоҷикӣ анҷом ёфтааст. Дар ин иншоот маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст.

Ҳуҷраҳои корию дарсӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои шароити зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо осорхонаи мукаммал ва дорои аҳамияти илмӣ-фарҳангии Донишкадаи исломии Тоҷикистон шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.

Дар осорхона нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори хаттии олимони машҳури тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд. Фонди осорхона, инчунин, дорои ашёву ёдгориҳои таърихиест, ки аз осори меъморӣ ва фарҳанги мусулмонии тоҷикон шаҳодат медиҳанд.

Дар ошёнаҳои болоии донишкада китобхонаи электронӣ, толори тестӣ, толори варзишӣ бо 168 ҷойи нишаст ва ду ҳуҷраи тиббӣ ҷой дода шудаанд. Нуқтаи тиббӣ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 кас хизмати тиббӣ расонад. Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст.

Саҳн ва атрофи бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар масоҳати 6 ҳазору 560 метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.

Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми илмию таълимӣ ва таҷрибивию амалӣ, барои фанҳои гуногун истифода бурда шуда, ба афзун намудани донишҳои динию дунявии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пос доштани арзишҳои волои миллӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.