Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз афзоиши таълимоти ғайриқонунии динӣ дар миёни ҷавонон
Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зиёд шудани шумораи гирандагони таълимоти ғайриқонунии динӣ дар миёни ҷавонони тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, ин равандро “ташвишовар” номид.
Рустами Эмомалӣ ин матлабро рӯзи 19-уми август дар ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баён намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон шумораи беш аз 80 дарсади таълимгирандагони ғайриқонунии диниро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд.
Раиси шаҳри Душанбе зикр кард, ки барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии таблиғи фарҳанги бегона бояд чораҳои қатъӣ андешида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ густариш дода шавад.
Ин нигаронӣ дар ҳоле зикр мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9-уми марти соли 2024 дар ҷараёни суханронӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва хидимони динии мамлакат зикр карданд “шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманона ворид месозанд. Фақат соли 2023 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшӯии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”