Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муродалӣ Сайфиев - хонандаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот сазовори ҷойи дувум шуд
Муродалӣ Сайфиев, хонандаи ҷавони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот дар миёни хонандагони мактабҳои миёна, ки дар Вашингтон доир шуд, мақоми дувумро ишғол кард. Дар ин хусус Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин мусобиқа 286 хонанда, аз 48 кишвари ҷаҳон, ки 55 дастаи миллиро ташкил медоданд, ширкат намуданд. Ин чорабинӣ яке аз бузургтарин майдонҳои байналмилалӣ барои шоҳмотбозони наврас ба шумор меравад.
Муродалӣ Сайфиев дар тахтаи чорум бозӣ намуда, дар натиҷа 6 имтиёз аз 7 имтиёзи имконпазирро ба даст овард, ки ин ба ӯ имкон дод, соҳиби медали нуқра гардад.
Ба гуфтаи мураббиён ширкати ин шоҳмотбози ҷавон дастоварди муҳимми Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон буда, нишон медиҳад, ки насли нави кишвар дорои омодагии баланд мебошанд.
“Мо аз комёбиҳои Муродалӣ ифтихор дорем. Натиҷаи ӯ собит месозад, ки мактаби шоҳмоти тоҷик дорои иқтидори бузург буда, метавонад бозингарони сатҳи байналмилалиро тарбия намояд” – зикр кардааст Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ташкилкунандагони мусобиқа афзуданд, ки имсол шумораи кишварҳои ширкаткунанда бори аввал ба чунин сатҳи баланд расидааст, ки сатҳи рақобат ва аҳамияти ғалабаро бештар менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”