Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар вилояти Хатлон ба 23 омӯзгор замини наздиҳавлигӣ доданд
Роҳбарияти вилояти Хатлон ба 23 омӯзгор, дар доираи барномаи дастгирии кормандони соҳаи маориф, замини наздиҳавлигӣ дод. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят харбар додааст.
Ба иттилоъ манбаъ, ин иқдом ба хотири баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор, фароҳам кардани шароит барои боқӣ мондани онҳо дар деҳот, ҳамчунин, рафъ кардани мушкилоти норасоии кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ анҷом дод мешавад.
Мақомоти вилоят иттилоъ медиҳанд, аз соли 2007 то ба имрӯз дар вилояти Хатлон беш аз 3,4 ҳазор омӯзгор бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд. Фақат дар соли 2025 123 нафар омӯзгор соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти вилоят ҷудо кардани замин ба омӯзгорон бахше аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф буда, ҳадафи он ҷалби мутахассисони ҷавон ва беҳтар кардани раванди таълим дар мактабҳои деҳа мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”