Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пизишкиён: “Эрон хоҳони зиндагии мусолиматомез бо ҳама миллатҳо аст”
Масъуд Пизишкиён баъди анҷоми сафар ба Ҷумҳури Арманистон ва дидору мулоқот бо роҳбарияти ин кишвар ба Ҷумҳурии Беларусия сафар намуда, бо роҳбарияти олии ин кишвар дидор ва мулоқот кард.
Масъуд Пизишкиён дар ҷараёни ин сафар бо эрониёни муқими Беларусия дидор намуда, дар ҳузури онҳо суханронӣ намуд. Дар ҷараёни суханронӣ таъкид кард, ки эҳтироми дуҷониба ва пазируфтани тамомияти арзии кишварҳо шарти асосии субот аст. Ӯ зикр кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони зиндагии мусолиматомез бо ҳама миллатҳо аст ва қудратҳои ҷаҳонӣ намехоҳанд Эрон масири рушд ва шукуфоиро тай кунад.
Масъуд Пизишкиён афзуд, мулоқот бо эрониён дар хориҷ аз ин кишвар фурсати арзишманд буда, пайванди отифӣ ва ҳувиятиро дар миёни ҳамватанон густариш медиҳад.
“Умед дорам, эрониёни муқим паёмовари фарҳанг, бовар ва тамаддуни Эрон бошанд, кишваре бо собиқаи чандҳазорсола, ки бо бисёре аз кишварҳои тозатаъсис тафовут дорад ва ҳамин таърихи кӯҳан ифтихоре барои миллати Эрон аст”- зикр кард Масъуд Пизишкиён.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ҳамлаҳои ахири Исроил ва Амрико ба марказҳои атомии Эрон гуфт, бидуни ҳимояи онҳо Исроил қодир ба чунин иқдом набуд. Мавсуф таъкид кард, ки Амрико пушти сари ин режим қарор гирифт, технология ва имкониятҳоро дар ихтиёраш гузошт ва ҳама қонунҳои байналмилалӣ ба содагӣ нақз шуданд.
“Дар баробари дидагони ҷаҳониён наздик ба шаст ҳазор нафар шаҳид шуданд, сарзамине ба нобудӣ кашида шуд ва мардуми бедифоъ дар гуруснагӣ ва фақр нигоҳ дошта шуданд. Роҳи обу ғизо баста шуд ва тасвирҳои кӯдаконе, ки ҷон медиҳанд, виҷдони башариро ба пурсиш мекашад”- гуфт Масъуд Пизишкиён.
Масъуд Пизишкиён ишора кард, касоне, ки дам аз ҳуқуқи башар, демократия ва озодӣ мезананд, дар ҳоле чунин фоҷеаҳоро ба вуҷуд меоваранд, ки суханонашон дурӯғе бузург ва ҳиллае ошкор аст.
“Ин афрод бо зоҳири ороста ва либосҳои расмӣ нишастаанд ва корҳое мекунанд, ки ҳатто шайтон низ анҷом намедиҳад. Дасти шайтонро аз пушт бастаанд ва қудрате, ки дар ихтиёр доранд, барои худ мантиқ сохтаанд, на мантиқе, ки бар пояи ҳақ ва адолат устувор бошад”- гуфт Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”