Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Русия ҷалби муҳоҷирон дар сохтмон ва тарабхонаҳо маҳдуд мешавад
Вазорати меҳнати Русия пешниҳод намуд, ки соли 2026 ҳиссаи кормандони хориҷӣ дар нуҳ бахши иқтисод коҳиш дода шавад. Дар баъзе аз соҳаҳо, аз ҷумла савдои чаканаи машрубот ва тамоку ҷалби муҳоҷирон комилан манъ карда мешавад.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда шумораи муҳоҷирон дар бахши сохтмон на бештар аз 50 фоиз хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2025 ин нишондиҳанда то 80% расида буд. Дар соҳаи савдои чаканаи машрубот ва маҳсулоти тамоку бошад, ҳиссаи муҳоҷирон аз 15 фоиз поён оварда мешавад.
Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки шумораи хориҷиён дар бахшҳои кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши сабзавот, тиҷорати умумии чӯбу тахта ва коркарди он аз 50 то 40 фоиз коҳиш меёбад.
Дар бахши хизматрасонӣ низ тағйирот пешбинӣ мешавад. Ҳадди ақал нисфи кормандони тарабхонаҳо ва дигар муассисаҳои хӯроквориро бояд шаҳрвандони Русия ташкил диҳанд. То ба имрӯз чунин маҳдудият барои муҳоҷирон вуҷуд надошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”