Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил амалиёти заминӣ дар Навори Ғаззаро оғоз кард
Артиши Исроил амалиёти заминӣ дар шаҳри Ғаззаро оғоз карда, аз ҳоло назорати атрофи шаҳрро ба даст овардааст. Дар ин хусус нашрияи “The Jerusalem Post” бо истинод ба намояндаи артиши Исроил генерал-бригад Эффи Дефрин хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, неруҳои исроилӣ талош доранд, ки барои сокинони Ғазза роҳҳои эвакуатсия ба минтақаҳои амн, дастрасӣ ба кумаки башардӯстона ва хизматрасониҳои тиббиро таъмин кунанд.
Тибқи иттилоъ, қарор аст 21-уми август Сарвазир Бенямин Нетаняҳу ва Вазири дифои ин кишвар Йоав Катс нақшаи комили ишғоли шаҳри Ғаззаро тасдиқ кунанд. Дар изҳороти дафтари сарвазир Бенямин Нетаняҳу омадааст, ки амалиёт бояд дар муддати кӯтоҳ анҷом дода шавад, то “охирин паногоҳҳои Ҳамос аз байн бурда шаванд ва ҳаракат комилан шикаст хӯрад”.
Ин ҳамла дар ҳолест, ки гурӯҳи Ҳамос пешниҳоди озод кардани 10 гаравгон ва эълони оташбаси 60 –рӯзаро кардааст. Исроил то ҳол расман ба ин пешниҳод посух надодааст ва ба назар мерасад, ки пешравии фарогир дар Ғазза Ҳамосро ба созиш водор кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”