27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Директорони ду театр иваз шуданд. Кӣ куҷо рафт?
Бинобар иттилои Вазорати фарҳанг, роҳбарони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе иваз шуданд.
Гуфта мешавад, ки Сӯҳроб Мирзоев, аз вазифаи директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов озод шуда, ноиби раиси Конфедератсии байналмилалии театрҳо интихоб гардид.
Ба вазифаи директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Иззатулло Сафарзода, ки роҳбари Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе буд, таъйин шуд.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки Наргис Розиқзода, ки солҳои зиёд дар театри мазкур фаъолият кардааст, ба ҷойи Иззатулло Сафарзода роҳбари Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Ҳамзамон, дар таъиноти кадрии мазкур, роҳбари Филармонияи кӯдаконаи шаҳри Душанбе низ иваз шуд. Сӯҳроб Ҷанҷолов, ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон директори Филармонияи кӯдакона таъин шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”