Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Реал Мадрид” дар бозии якумаш ғалаба кард, аммо...
20-уми август дар доираи даври якуми Ла Лигаи Испания бошгоҳҳои “Реал Мадрид” ва “Осасуна” дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и Мадрид бо ҳам рақобат карданд.
Тавре ки интизор мерафт, яъне дастаи шоҳона дар майдони худ ба дарвозаи “Осасуна” голи зиёд ворид мекунад, нашуд. Балки мизбонон танҳо дар дақиқаи 51-ум гол заданд ва он ҳам бошад аз зарбаи 11-метра. Муаллифи голи мазкур футболбози фаронсавӣ Килиан Мбаппе шуд.
Дар пасманзари зарбаи 11-метра ба дарвозаи “Осасуна” бархе расонаҳо навиштанд, ки бояд он таъин намешуд, зеро пойи футболбози “Осасуна” ба пойи Килиан Мбаппе нарасида буд.
Ҳамчунин, Килиан Мбаппе беҳтарин футболбози бозии мазкур эътироф гардид.
Пас аз вохӯрӣ, сармураббии бошгоҳи шоҳона Хаби Алонсо қаноатмандиашро аз бозии футболбозонаш изҳор дошта, гуфт, ки бо вуҷуди вақти кам доштан барои омодагӣ, ҳайати даста бозии хуб нишон дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”